Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, аъзоёни Ҳукумати Русия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Русия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазири саноат ва технологияҳои нав, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон ва роҳбари ТАЛКО-Менеҷмент ширкат варзиданд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотиаш қайд кард, ки ба даст овардани истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як воқеаи сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ буда, ҳамзамон эҳёи анъанаҳои миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2022 барои Тоҷикистон ва Русия соли муҳим ба шумор меравад, зеро 8 апрел кишварҳои мо 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд.
“Таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Русия решаҳои чандинасра дорад ва онҳоро робитаҳои зич, бародарона, дӯстии халқҳо ва мероси фарҳангӣ мепайвандад. Аз ин рӯ, Русия аз солҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар низоми афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи калидиро ишғол менамояд”, - гуфт сафири Тоҷикистон дар Русия.
Чорабиниро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид.
Ҳамчунин ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ, инчунин муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар тӯли 30 сол манзур гардид.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ намоишгоҳ дар мавзӯи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" пешкаши меҳмонон гардид.