ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Машваратҳо барои ташкили минтақаи бехатарӣ дар атрофи нерӯгоҳи ҳастаии Запроже оғоз шуданд, хабар додааст МАГАТЭ.
Хабаргузории РИА "Новости" аз қавли Рафаэл Гросси, мудири кулли МАГАТЭ овардааст, ки ин ниҳод аз эҳёи таъминоти барқ истиқбол мекунад, аммо дар пасманзари тирпарониҳо вазъ нигаронкунанда боқӣ мондааст.
"Зарур аст, ки фавран атрофи нерӯгоҳи Запароже минтақаи муҳофизатии ҷисмонӣ ва ҳастаӣ ташкил карда шавад. Машваратҳо оғоз гардидаанд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки вазъ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запароже аз мавзуъҳои марказии суҳбати телефонии президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои фаронсавияш, Эммануэл Макрон буд.
Ба иттилои манбаъ, раҳбари Русия ба тирборони пайваста дар ин минтақа аз сӯи низомиёни Украина ишора карда, бар зарурати фишор болои мақомоти Киев таъкид кардааст.
"Аз ҷониби Русия таваҷҷӯҳ ба ҳамлаҳои пайвастаи украинӣ ба иншооти нерӯгоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла як анбори партовҳои радиоактивӣ ҷалб шуд, ки оқибатҳои фалокатбор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Президентҳо омодагии мутақобилан барои ҳамкорӣ дар нерӯгоҳи Запароже бе ангезаҳои сиёсӣ бо иштироки МАГАТЭ-ро баён доштаанд.
Нерӯгоҳи Запороже дар соҳили чапи Днепр дар наздикии Энергодар вокеъ буда, аз нигоҳи теъдоди блокҳо ва иқтидор калонтарин истгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо мебошад.