КҲФ парвози маргбори шаҳрванди Русияро дар Варзоб шарҳ дод

Шаҳрванди 38-солаи Русия ҳангоми парвоз ба воситаи параплан дар дараи Харангони Тоҷикистон мувозинатро аз даст дода, сарозер шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шаҳрванди Русия Павел Чернови 38-сола ҳангоми парвоз бо параплан дар Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳодиса пеш аз зуҳри 10-уми сентябр дар дараи Харангон рух додааст.
"Маълум шудааст, ки ҳангоми парвоз Чернов мувозинатро аз даст додаву дигар натавонистааст парапланро идора кунад. Вақте ба замин бархурдааст, ҷароҳатҳои вазнин бардоштаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки баъди дарёфти маълумот дар бораи ин ҳодисаи нохуш, дастаи 7-нафарии наҷотдиҳандагон соати 11:25 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафар карда, соати 12:45 дақиқа ҷасади Черновро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Тафсилоти садамаи мошини газбар, 2 сабукрав ва автобус бо сайёҳон дар Варзоб - аксҳо
КҲФ мегӯяд, ин нахустин ҳодисаи суқути параплан ва ҳалокати одамон дар Тоҷикистон мебошад.
Чернов сокини шаҳри Санкт-Петербург ба тиҷорати мотосикл низ машғул будаасту бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст. Аз марҳум ҳамчун чеҳраи шинохта миёни дӯстдорони мотосикл дар Санк-Петербург зикр мешавад, ки бо лақаби "Мотовоз" машҳур будаст.
Иттилоъ дода шудаст, ки феълан наздикони марҳум дар тараддуди интиқоли ҷасади ӯ ба Ватан мебошанд.