Толибҳо пули харҷношудаи ҳоҷиёни афғонро бозпас медиҳанд

Соли равон ҳудуди 13,5 ҳазор зоир аз Афғонистон хонаи Худоро зиёрат кардаанд ва ҳар якеаш барои ин ҳудуди 4,1 ҳазор доллар пардохт намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Толибҳо пули зоирини афғонистониеро, ки дар маросими ҳаҷ сарф нашудаанд, бозпас медиҳанд.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон, ин нуктаро Нур Муҳаммад Соқиб, иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳаҷу вақф дар ҳукумати толибҳо баён доштааст.
Зикр шудааст, ки ҳар яке аз 13 ҳазору 582 зоир ба маблағи 4 ҳазору 130 доллари амрикоӣ барои анҷоми маросими ҳаҷ пардохт намудааст, ки дар маҷмуъ ҳудуди 53 млн долларро ташкил додаст.
Шароит беҳтар, нарх гаронтар: раиси Кумитаи дин дар бораи ҳаҷҷи имсола ва оянда
Манбаъ таъкид намуд, ки аз маблағи ҷамъшуда 46 млн доллар сарф шуда, 7 млни дигар боқӣ мондаст. Пули боқимонда миёни ҳоҷиёни баргашта тақсим хоҳад шуд, ки ҳудуди 515 доллар сари як нафарро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор мусалмон аз саросари ҷаҳон бо парлохти маблағи муайян маросими ҳаҷро адо мекунад.
Дар мавсими ҳаҷҷи имсола беш аз 4 ҳазор сокини Тоҷикистон ҳаҷ карданд ва охирин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик то аввалҳои августи соли равон аз зиёрати хонаи Худо ва Ватан баргаштанд. Арзиши сафари ҳаҷ имсол 60 ҳазору 520 сомонӣ ё ҳудуди 5,3 ҳазор доллари амрикоӣ буд.