ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Аз далоили камтаваҷҷуҳии муҳассилини тоҷик ба либоси мактабии истеҳсоли Тоҷикистон баъзан сифати пасти он арзёбӣ мешавад.
Суҳроб Ашурзода, сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии "Тоҷикстандарт" дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки ҳанӯз ҳам сифати либосҳои мактабӣ беҳбудӣ мехоҳад.
Вай дар ин раванд интихоби нахи матоъро муҳим хондааст.
"Имрӯз чун солҳои пешин роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои хусусӣ барои тавлидоти моли ватанӣ аз ҳар гуна матои аз хориҷи кишвар воридшуда истифода мебаранд, ки давоми чанд соли корфармоӣ маълум гашт, ки аз ҳар гуна нахи сунъии таркибашон номаълум бофта шудааст", - изҳор дошт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки матоъҳои воридшуда аз хориҷа бесифатанд ва тавзеҳ дод, ки босифат бояд чӣ гуна мебошад.
"Матои босифат бояд 35% аз нахи сунъӣ ва 65% аз нахи табиӣ - пахта бофта шавад", - изҳор дошт Ашӯрзода.
Ин мақомдор таъкид намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сифати дӯхти либосҳои мактабӣ, "Тоҷикстандарт" якҷо бо вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳурӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, стандарти давлатии ҷадид таҳти унвони "Либоси мактабӣ. Шартҳои техникӣ" роҳандозӣ намудааст.
Вай афзуд, мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ бо моликони корхонаҳои нассоҷӣ идома доранд, то истифодаи стандарти мазкуру сифати либос беҳбуд ёбад.