То 36 дараҷа гармӣ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 34 дараҷа, дар ВМКБ то 25 дараҷа, Суғд - 26, Хатлон - 35 ва навоҳии тобеи марказ 36 дараҷа дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона аз ҳадди 30 дараҷа боло хоҳад шуд, хабар додаст "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 7+13 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+18 дараҷа гарм, рӯзона 25+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 15+19 дараҷа гарм мешавад.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Ҳаво Хатлон низ тағйирёбанда шуда, дар водоиҳо рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 26+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, мегӯянд. ҳавошиносон. Таъкид гардид, ки дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа, рӯзона 23+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳри Душанберо низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Шабона 11+14 ва рӯзона 23+34 дараҷа гарм мешавад, пешгӯӣ намудаанд ҳавошиносон.