ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. СПАД аз рӯи аҳамият ва бархӯрдҳои вижа ба аъзои алоҳидаи ин иттиҳодия тақсимот надорад.
Дар ин бора дабири кулли созмон Станислав Зас дар як чорабинии идона бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Муҳимтарин вазифа ва ҳадафи мо таъмини амнияти ҳамаи давлатҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон аст", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон, Зас қайд кард, ки бинобар вазъи душвори имрӯза ба қаламравҳои ҷанубии СПАД таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шаш кишвар шомиланд: Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон.
Машқҳои ҳарбӣ аксар вақт таҳти сарпарастии Ташкилот гузаронида мешаванд.
Масалан, як рӯз қабл тамрини "Восток-2022" ба анҷом расид, ки дар он беш аз 50 ҳазор нафар, беш аз 140 ҳавопаймо, 5 ҳазор воҳиди техникаи низомӣ ва беш аз 60 киштии ҷангӣ ва киштиҳои ёрирасон ширкат доштанд.