ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе 45 нафар аз ҷавонон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки курсҳои омӯзишӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии "Биржаи меҳнатии ҷавонон" ба роҳ монда шудааст.
Дар ин курсҳо, ҷавонон омӯзиши омода кардани қаннодӣ, ороиши мӯю рӯй, хӯрокпазӣ ва дигар намуди ҳунарҳоро аз худ менамоянд.
Дар маросими ифтитоҳи курсҳои омӯзишӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ширкат кардааст.
"Шумо бояд соҳибҳунар, дорои касб ва шуғли пурмаҳсул бошед, то тавонед зиндагии минбаъдаи хешро босаодат гузаронед. Шахси ҳунарманд дар ҷомеа мақому манзалати махсус дорад ва тавассути ҳунар зиндагии иҷтимоии худро таъмин менамояд", -гуфтааст Абдулло Раҳмонзода.
Дар анҷоми курсҳои омӯзишӣ иштирокчиён соҳиби диплом мешаванд.