ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Минтақаи Иттиҳоди Аврупо дар ҳолати ногувор қарор дорад, зеро буҳрони энергетикӣ Олмонро хароб мекунад, менависад хабарнигори "Spiked" Сабин Бепплер-Шпал.
Минтақаи ИА Олмон он қадар вобаста аст, ки оқибатҳои нооромиҳои иқтисодӣ, ки ҳоло Берлин бо он рӯбарӯ аст, ба зудӣ дар тамоми қитъа эҳсос хоҳад шуд.
Ба қавли муаллиф, бисёриҳо аз он дар ҳайрат монданд, ки Олмон дар тӯли чанд даҳсола бори аввал касри савдоро сабт кардааст.
"Олмон ягона узви асосии ҳавзаи ИА буд, ки тавозуни тиҷории пайвастаи мусбат дошт. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки баробари заъиф шудани Олмон, евро на танҳо дар баробари доллар, балки ҳатто дар баробари франки Швейтсария қимати худро зуд аз даст медиҳад", - гуфтБепплер-Шпал.
Нерӯҳои сиёсии Олмон ҳама мушкилотро бо бӯҳрони Украина рабт медиҳанд, аммо маҳз тасмими даст кашидан аз энержии ҳастаӣ, ки Ангела Меркел, садри аъзами пешин дар соли 2011 гирифта буд, боиси вобастагии Берлин аз гази Русия шуд.
Ин яке аз сабабҳои асосии буҳрони ҳозираи энергетики гардид, шарҳ дод таҳлилгар.
"Мардум қимати иштибоҳҳои гузаштаро хоҳанд пардохт. Аммо агар тамоми минтақаи евро фурӯ резад, бахусус вақте ки иқтисоди пешқадами минтақа наметавонад бо бӯҳронҳои худ мубориза барад, кӣ пардохт хоҳад кард?" — суол мегузорад коршинос.
Кишварҳои ғарбӣ пас аз эъмоли таҳримҳо алайҳи Маскав ва сиёсати даст кашидан аз сӯзишвории Русия бо болоравии қимати монобеи энержӣ ва афзоиши таваррум рӯбарӯ ҳастанд.
Дар натиҷаи болоравии қимати сӯзишворӣ, пеш аз ҳама, газ, саноат дар ИМА ва кишварҳои Аврупо бартарии рақобатпазирии худро асосан аз даст дод, ки ин ба дигар соҳаҳои иқтисод низ таъсир расонд.