ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Масъалаи газ Иттиҳоди Аврупоро ба таслимшавӣ ба Русия наздиктар мекунад, менависад шореҳи нашрияи "Сабоҳ" Ҳасан Басри Ялчин.
Ба гуфтаи ӯ, Аврупо наметавонад масъалаи таъмини сӯзишвории кабудро ҳал кунад.
"Агар роҳи ҳалро наёбед, пас таслим мешавед. Ман фикр мекунам, ки Аврупо ба сӯйи таслим шудан ба Русия бар сари газ ҳаракат мекунад. Ин шикаст ба маънии сарнагунии низоми ғарбӣ низ хоҳад буд", - навиштааст коршинос.
Ялчин таъкид кард, ки Иттиҳодияи Аврупо ба далели интихоботи Конгресс, ки дар моҳи ноябр баргузор мешавад, наметавонад дар масъалаи энержӣ ба Амрико такя кунад.
Дар сурате, ки ҷумҳурихоҳон аксариятро ишғол кунанд, Аврупо хавфи бе кӯмак аз он тарафи уқёнуси Атлантик монданро дорад.
Дар айни ҳол Вашингтон тамоми эҳтиёҷоти газро, ки Иттиҳоди Аврупо дорад, қонеъ карда наметавонад, қайд мекунад муаллиф.
Дар баробари ин, захираҳои тахминии сӯзишворӣ ва имконоти алтернативии интиқоли карбогидридҳо ба аврупоиҳо кӯмак намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, таҳримҳои зидди Русия, ки Ғарб ба он такя мекунад, амалӣ нашуд ва ҳатто собит кард, ки Аврупо бештар ба гази Русия ниёз дорад, на ба пули аврупоӣ.
Қаблан вазирони молияи G7, ки Бритониё, Олмон, Итолиё, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопонро дар бар мегиранд, нияти худ барои ҷорӣ кардани маҳдудияти нархҳо ба нафти Русияро дар чаҳорчӯби тавсеаи таҳримҳо алайҳи Русия таъйид карданд.
Дар вокуниш ба ин Путин, ки дар Ҳамоиши иқтисодии Шарқи дур суханронӣ мекард, гуфт, ки Федератсияи Русия метавонад интиқоли сӯзишворӣ ба кишварҳоеро қатъ кунад, ки мақомоти онҳо сиёсатеро пеш мегиранд, ки боиси нақзи шартномаҳо мешавад.