ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Кореяи Шимолӣ ба таври қонунӣ худро як кишвари ҳастаӣ эълон кард, хабар медиҳад хабаргузории Кореяи Ҷанубӣ "Ренхап" бо такя ба расонаҳои давлатии ҶКШ.
Фармони марбута таҳти унвони "Сиёсат оид ба яроқи ядроӣ" ном дорад, ки онро 14-умин Ассамблеяи олии халқии Кореяи Шимолӣ дар ҷаласаи 7-уми сентябрияш қабул кард.
Аз ҳуҷҷат бармеояд, ки дар сурати таҳдиди ногузир ба давлат Пхенян метавонад ба таҷовузкор зарбаи пешгирикунанда расонад.
"Агар системаи фармондеҳӣ ва назорати нерӯҳои миллии ҳастаӣ таҳти таҳдиди ҳамлаи нерӯҳои душман қарор дошта бошад, ба таври худкор зарбаи ҳастаӣ барои нест кардани нерӯҳои душман, аз ҷумла манбаи иғво ва фармондеҳии ӯ сурат мегирад", гуфта мешавад дар хабар.
Гузашта аз ин, ҳама тасмимҳо дар бораи истифодаи арсенали ҳастаӣ танҳо аз ҷониби раҳбари кишвар Ким Чен Ин гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Пхеняни расмӣ ба ҳамсояи Кореяи ҷанубии худ таҳдид карда буд, ки агар Сеул "ба бархӯрди низомӣ равад" бо зарбаи ҳастаӣ посух хоҳад дод.