Карл III – исми нави шоҳи Бритониё

Пас аз марги маликаи Бритониё Елизавета II писари ӯ Чарлз ба тахти подшоҳи нишаст ва ӯ барои худ исми Карл III-ро интихоб кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Сарвазири Бритониё Лиз Трасс гуфт, ки тоҷи шоҳии Бритониё имрӯз ба шоҳ Карл III мегузарад.
"Имрӯз тоҷ ба подшоҳи нави мо мегузарад. Ба Аълоҳазрат шоҳ Карл III", - гуфт хонум Трасс.
Инчунин Лиз Трасс суханони худро бо “Худодавнд нигаҳбони шоҳ бошад” хотима дод.
Ёдовар мешавем, ки Малика Елизавета II-и Бритониё дар синни 97-солагӣ дар қасри худ даргузашт, иттилоъ додааст қасри Букингем.
Елизавета II дар тӯли 70 сол маликаи Бритониё буд ва тӯлонитарин подшоҳ дар таърихи ин кишвар будааст.
Маликаи Бритониё Елизавета II даргузашт
Қаблан дар бораи якбора бад шудани вазъи саломатии малика хабарҳо расонаӣ шуданд. Табибон тавсия доданд, ки малика зери назорати табибон қарор бигирад.
Дар охири моҳи феврал расонаҳо дар бораи мушкили ҷиддии саломатии Елезавета II хабар доданд. Ҳангоми вохӯриҳои расмӣ дар қалъаи Виндзор Малика қайд кард, ки вай бо мушкили ҳаракат мекард. Дар охири моҳ хабарҳо дар бораи сирояти Малика ба коронавирус расонаӣ шуд.
Пас аз марги Елизавета II шоҳзода Чарлз ба тахт нишаст. Чарлз исми Карл III-ро интихоб кард.