ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Як мансабдори ҳукумати шаҳри Истаравшан зимни рух додани як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Истаравшан ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мусофирбаре, ки Мамурзода Нозим Мамур, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Истаравшан ва чанд тани дигарро ба шаҳри Душанбе мерасонд дар роҳ ба садама дучор шудааст
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш, соатҳои 12: 30-и зуҳри имрӯз 9 сентябр дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.
Бар асари он мансабдори ҳукумат, ки мебоист ба пойтахт равад, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
“Ба мо ҳамин қадар гуфтанд, ки садамаи нақлиётӣ сурат гирифта ва бар асари он Мамурзода ба ҳалокат расидаанд. Хабар карданд, ки ҷаноза соати 7-и субҳи фардо баргузор мешавад” – гуфт, манбаъ.
Зимнан дар бораи вазъи саломатии мусофирони дигар ва ронандаи мусофирбар маълум нест.
Ҳукумати шаҳри Истаравшан рухдоди ин ҳодисаи фоҷеаборро тасдиқ намуда, роҳбарият ва кулли командонаш аз марги бармаҳали мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳр ба наздикону пайвандонаш изҳори тасаллият баён намудааст.
Мамурзода Нозим Мамур 48 сол дошт ва то ин муддат дар вазифаҳои гуногунӣ ҳукуматӣ кор кардааст.
Аз ҷумла роҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон буд. Дар Идораи андози шаҳр ҳам фаъолият кардааст. Ду соли пеш мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Истаравшан таъйин шуда буд.