ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, Маҷмааи Истиқлол” 121 метр баландӣ дорад, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
Масоҳати умумии маҷмааи рамзи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи “Истиқлол” тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.
“Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад”,- зикр намудааст манбаъ.
Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи “Истиқлол”и Майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.
Ҳамзамон осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.
Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла, дар Осорхонаи шаҳри Душанбе табарҳои сангӣ, ки аз маҳаллаи Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе дарёфт гардида, мутааллиқ ба асри санг мебошанд, ҷой дода шудаанд. Мавҷудияти чунин ёдгориҳо гувоҳи он аст, ки Душанбе дорои таърихи қадима буда, дар ҳудуди он аз давраҳои қадим ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу оинҳои гуногун рушд карда буд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки баъди ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол” Президенти кишвар дар назди меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии идона суханронӣ карда, ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми мардуми кишварро ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт.
Барномаи пуршукуҳи идонаро ба муносибати солгарди истиқлоли давлатӣ ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик, аҳли ҳунари Тоҷикистон ва ҳамоиши хонандагону донишҷуёни коллеҷу мактабҳои олии пойтахт, ки беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медод, идома дод.