ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар ин паёме, ки ба Эмомалӣ Раҳмон ирсол гардидааст, изҳори умедворӣ шудааст, ки ҳамкориҳои гуногуни ду кишвари ҳамзабон ва бародар беш аз пеш тақвият мешаванд.
Али Ашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси анҷумани дустии Эрон ва Тоҷикистон дар ин пайём гуфтааст, ки анҷумани дустии Эрон ва Тоҷикистон ҳамчун ҳамеша омодагии комили худро барои инкишофи ҳарчи бештари алоқаҳо ва равобити мардуми байни ду кишвари бародар ва ҳамзабон иброз менамояд.
Алӣ Ашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, дар ин паём хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедвори кард ҳамкориҳои гуногуни ду кишвари беш аз пеш тақвият меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 сентябр Тоҷикистон 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли худро таҷлил мекунад. Ин ид дар тамоми манотиқи кишвар бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад
Тоҷикистон 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад.
Санаи 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал “Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди шуравӣ” (ИҶШС) қабул гардид.
Санаи 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуданд.
Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.