ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Намояндагони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, собиқадорони хидмати низомиро бо ҷашни миллӣ - Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ табрик гуфтанд.
Пас аз суханронии табрикотӣ дар пайи анъанаи ҳамасола раиси созмони умумирусиягии "Бародарони ҷангӣ" Саидаҳмад Давлятов ба сарбозон – интернатсионалистҳо ва собиқадорони хизмати ҳарбӣ медалу ифтихорномаҳо супурд.
Представители военной базы РФ в Таджикистане поздравили ветеранов военной службы с Днем государственной независимости Республики
© пресс-служба Центрального военного округа
Ҳамчунин, фармондеҳии воҳидҳои савораи тирандоз ба раҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва дифои Тоҷикистон номаи шодбошӣ ирсол карданд.
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар ҷумҳурӣ бузургтарин иншооти низомии Федератсияи Русия берун аз марзи он буда, якбора дар ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
Ба ҳайати он воҳидҳои савораи тирандоз, танкӣ, артиллерия, қисмҳои иктишофӣ, воҳидҳои зиддиҳавоӣ, радиоӣ, кимиёвӣ ва биологӣ дохил мешаванд.