ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Туркманистон қасд дорад, дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон як мактаб бунёд кунад, хабар медиҳад рӯзномаи “Туркманистон”.
Муассисаи нави таълимӣ ба номи классики адабиёти туркман ва файласуфи он Махтумқулӣ гузошта шуда, дар як вақт 540 нафар кӯдакон метавонанд таҳсил кунанд.
Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон бо фармоиши Вазорати корҳои хориҷии ин ҷумҳурӣ барои тарҳрезӣ ва сохтмони ин бино озмуни байналмилалӣ эълон кардааст.
Ҳар кас метавонад барои ба даст овардани сохтмони мактаб дархост фиристад.
Маврид ба зикаст, ки ноҳияи Дӯстӣ аз яке аз минтақаҳои кишвар аст, ки туркмантаборҳо бештар дар он зиндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми сентябр, дар Рӯзи дониш раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 5 мактаби русиро ифтитоҳ карданд.
Муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода ба кор шурӯъ карданд.
Дар ҳар кадоми онҳо зиёда аз 1200 нафар бачагон таълиму тадрис мешаванд.
Ба мактабҳо номи қаҳрамонони барҷастаи рус, ходимони илму маданият гузошта шуда, муаллимони рус дар он чо бо усулҳои наве, ки махсус барои Тоҷикистон таҳия шудаанд, таълим медиҳанд.