Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ ширкат мекунад

Пешвои рӯҳониён дар ин форум бо беш аз сад ҳамтояш аз 50 кишвари ҷаҳон мулоқот хоҳад кард, аз ҷумла Попи Франсис, ки иштироки худро тасдиқ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар Конфронси VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ дар Қазоқистон ширкат мекунад.
Ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон аз Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ тасдиқ карданд.
Дар чорабинӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар Алмаато баргузор мешавад, сарони уламои динӣ беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Никоҳи телефонӣ: Шӯрои уламои Тоҷикистон назарашро эълон дошт
Аз ҷумла, Попи Франсиск, Имоми олии Ал-Азҳар Шайх Аҳмад ат-Тайиб ва дигар пешвоёни рӯҳонӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл барои анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ ба Қазоқистон намеравад.
Дар ҷамъбасти конгресс қабули эъломия дар назар аст, ки мавқеъи иштирокчиёни форумро оид ба таҳкими ҳамкориҳои байни тамаддунҳо ва мазҳабҳо, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рушди ҷаҳон инъикос мекунад.