Гирифтани шаҳрвандии Русия барои кадом муҳоҷирон осонтар аст? Посухи коршинос

Ба бовари коршинос, бо афзоиши квотаҳое, ки барои иқомати муваққатӣ иҷоза медиҳанд, теъдоди зиёди муҳоҷирон дар тӯли 2-3 сол метавонанд шаҳрванди Русия шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Гирифтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ аз сиёсати давлат вобаста аст. Дар ин бора раиси Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ Ренат Каримов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар ҳамасола теъдоди мумкини коргарони хориҷӣ муқаррар карда мешавад.
Коршинос таъкид кард, ки дар Маскав ҳудуди 10 000 муҳоҷир барои иқомати муваққатӣ муроҷиат мекунанд ва танҳо 200 нафари онҳо посухи мусбат мегиранд.
Вай қайд кард, ки бо афзоиши шумораи квотаҳо теъдоди зиёди муҳоҷирон дар давоми 2-3 сол метавонанд шаҳрванди Русия шаванд.
Хидматрасонии тиббии ройгон дар Русия барои муҳоҷирон дастрас хоҳад шуд: тафсилот
Бо вуҷуди ин ҳукумат то ҳол чунин чораҳоро ҷорӣ накардааст. Ба истиснои шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон. Аз нимаи моҳи июли соли 2021 онҳо ҳақ доранд, ки фавран бидуни квота иҷозаи иқомат ва баъдан шаҳрвандӣ гиранд, афзуд Каримов.
Коршинос инчунин дар такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки тибқи он шумораи иҷозатномаҳо барои иқомати муваққатӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40% зиёд шудааст.
Шумораи хориҷиёне, ки барои иҷозаи иқомат хуҷҷат супоридаанд, низ 20% афзоиш ёфтааст. Аксари онҳо шаҳрвандони Украина ва Молдова мебошанд, гуфт Каримов дар сӯҳбат бо Хадамоти иттилоотии ҷамъиятӣ.
Илова бар ин, коршинос гуфт, ки муҳоҷирон бештар аз кадом кишварҳо барои кор ба Русия меоянд. Ба гуфтаи ӯ, инҳо хатмкунандагони мактабҳои миёна ва литсейҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳастанд, ки дар ватани худ ҷои кор пайдо карда наметавонанд.