ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Қурби рубли русӣ, доллари амрикоӣ ва евро дар Тоҷикистон поин рафт, хабар дод Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, қурби рубли 1 рубли русӣ 0.1645 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки рӯзи гузашта ин нишондод ба 0.1653 сомонӣ баробар буд.
Арзиши доллари амрикоӣ низ поин рафта 10.2438 сомонӣ ва евро - 10.1137 сомонӣ нарх дорад.
БМТ дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ гуфт, 1 доллари ИМА аз 10.2438 то 10.1500 сомонӣ, 1 евро аз 10.1137 то 10.0800 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1645 то 0.1670 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Ин ниҳод ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Сироҷиддин Икром, раиси "Амонатбонк" гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки ин бонк танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 2,5 млрд сомонӣ ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".