Ғайридемократӣ: Путин дар бораи интихоби сарвазири нави Бритониё

Раҳбари Русия аз низоми интихоботии Бритониёи Кабир интиқод ва дар мавриди дурнамои равобити Маскаву Лондон изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Низоми интихоби роҳбарон дар Британияи Кабир дур аз меъёрҳои демократӣ мебошад.
Ин баҳоро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар вокуниш ба интихоби Лиз Трасс ба мақоми нахуствазири Бритониё ироа кард.
"Дар Британияи Кабир тартиби интихоби сарвари давлат, ки дур аз принсипҳои демократӣ аст. Он дар доираи ҳизбе сурат мегирад, ки дар интихоботи қаблии парлумонӣ пирӯз шудааст", - таъкид кард раҳбари Русия дар Форуми иқтисодии шарқӣ.
Вай қайд кард, ки аҳолии Британияи Кабир дар ин ҳолат дар иваз кардани ҳукумат даст надорад.
Лиз Трасс нахуствазири Бритониё шуд
"Табақаи ҳоким дар он ҷо дастурҳои худро дорад", - афзуд Путин.
Вай ҳамчунин дар мавриди дурнамои муносиботи Маскаву Лондон дар аҳди сарвазири нав изҳори назар кард.
Ба гуфтаи Путин, сиёсат нисбати Русия кори хусусии мақомоти Бритониё аст.
"Кори мо ҳимояи манофеи худ аст. Ва мо онро пайваста иҷро хоҳем кард, бигзор касе ба ин шубҳа накунад", - гуфт раисиҷумҳури Русия.
Маврид ба зикр аст, ки вазири умури хориҷии Бритониёи Кабир дар пайи раъйдиҳии дохилиҳизбӣ сарвазири нави кишвар интихоб гардид.