ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бар асари таркиши мошини газбар дар 43-юмин километри шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 2 нафар ба ҳалокат расидаанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мошини газбари "Дулан", таҳти идораи шаҳраки Панҷ, бо сабаби аз кор баромадани таҷҳизоти тормоздиҳӣ ба тарозӯи плазаи толлингии "Ҳушёрӣ" бархӯрда, баъди афтидан ба дарёи Варзоб таркидаст.
"Дар натиҷаи таркиш 2 нафар ба ҳалокат расида, 1 нафар ҷароҳат бардошта, 2 автомашинаи дигар қисман зарар дидааст", - омадааст дар иттилоия.
Ширкати IRS молики плазаи "Ҳушёрӣ" ва масъули нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ низ бархе тафсилоти ин ҳодисаро ироа кардааст.
Ба иттилои ширкат, баъд аз кор баромадани тормоз, автомобили газбар бидуни тормоз қариб ду километрро тай карда, сипас ба дарё сарозер мешавад.
"Дар ин фосила ронанда худро аз мошин берун партофта, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхона интиқол меёбад", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзудаст, ки баъд аз рух додани таркиш ду мусофири ду автомобили сабукрав дар маҳалли ҳодиса аз алангаи оташи автомобили таркида ба ҳалокат расиданд.
IRS овозаҳо дар мавриди он ки автомобили зикршуда бо автобус бархӯрдааст, беасос хонда, тавзеҳ додаст, ки автобус танҳо ба дохили ҷуйбори канори роҳ афтодаст.
Садамаи мошини газбару автобус дар Варзоб
© Дафтари матбуоти IRS
Таъкид гардидааст, ки бар асари садамаи автобус як нафар зан зери автобуси самти Душанбе - Панҷакент монда, ҷон додаст.
"Чор нафари дигар, ки осеби ҷисмонӣ бардоштанд, ба беморхона интиқол дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки мусофирони автобус, аз ҷумла 17 шаҳрванди хориҷӣ сиҳату саломатанд.