Мақомот сӯхтори маргбори хона дар Душанберо таҳқиқ мекунанд

Сӯхтор дар кӯчаи Шоҳтемури шаҳри Душанбе боиси марги ҷавони 28-сола шуд. Мақомоти тафтишотӣ сабаби рух додани ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Марди 28-сола бар асари сӯхтор дар бинои истиқоматии бисёрошёна дар Душанбе ба ҳалокат расидааст, хабар дод КҲФ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар ошёнаи 8-уми бинои нуҳошёна дар кӯчаи ба номи Шоҳтемур рух додааст. Таъкид шуд, ки сабаби сӯхтор ва тафсилоти дигар феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи аввали соли равон 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 3 нафари онҳо ноболиғ будааст. Хисороти расондаи сӯхтор дар ин муддат зиёда аз 14 млн сомонӣ ҳисоб шудааст.
Тафсилоти садамаи мошини газбар, 2 сабукрав ва автобус бо сайёҳон дар Варзоб - аксҳо
Дар маҷмуъ тайи нимсолаи аввал дар кишвар 472 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳолат кам мебошад.
Ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар кишвар сабаби сар задани сӯхтор асосан омили инсонӣ – хунукназарии одамон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор мебошад.
Асбобҳои гармидиҳӣ, ҳавополоҳо - кондитсионерҳо, шамолдиҳандаҳова дигар асбобҳои рӯзгор шабонарӯзӣ ва на ҳамеша мувофиқи қоидаҳои бехатарӣ истифода бурда мешаванд, таъкид намуд Раҳимзода.