Ҳаво дар Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад

Дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар шарқи ВМКБ шабона ҳарорат зери сифр мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сент — Sputnik. Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон аз 26 то 40 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ дод "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои камабри бебориш фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар Хатлон ҳавои софи бебориш дар назар буда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Боришот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ сурат намегирад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Шаҳри Душанберо низ ҳавои камабри бебориш фаро мегирад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 36+38 гарм мешавад.