ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Мардуми Афғонистон омодаанд, муқобили толибон биистанд ва барои озодӣ мубориза кунанд, аммо ба ҳимоят ниёз доранд, гуфт Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Андин акспрес”.
Ба гуфта вай, муҳимтарин чиз ҳимояти сиёсӣ ва тадорукот аст. Ӯ тавзеҳ дод, ки Ҷабҳаи муқовимати камбуди тахассус, нерӯи инсонӣ ва сарбоз надорад, аммо камбуди тадорукот дорад.
Аҳмад Масъуд, гуфтааст ҳеҷ давлате токунун аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят накарда аст ва ин Ҷабҳа бо ҳимояти мардумӣ дар баробари толибон мубориза мекунад.
“Мо аз як тараф як гурӯҳи террористӣ дорем, ки тавассути бархе аз кишварҳо мавриди ҳимояти террористҳо ҳимоят мешавад ва аз сӯйи дигар, мо мейҳанпарастони демократик, миёнарав воқеии Афғонистонро дорем, ки барои кишвари худ алайҳи тероризми байналмилалӣ бо даст холӣ меҷанганд”, - таъкид кард ӯ дар тавзеҳи вазъият набардҳо.
Аҳмад Масъуд гуфтааст, ин Ҷабҳа аз ҳар кишваре, ки бихоҳад ба онҳо кумак кунад, кумаки хоҳад пазируфт.
Ӯ таъкид карда, ки толибон аз гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ҳимоят мешаванд ва бар мардуми ин кишвар ситам мекунанд.