ВУХ Русия марги 2 корманди сафораташ дар Кобулро тасдиқ кард

Ҳамлагари маргталаб талош кардааст, худро ба назди бинои сафорат наздиктар расонад. Теъдоди қурбониён то 20 нафар арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ду корманди сафорати Русия дар Афғонистон бар асари ҳамлаи интиҳорӣ ба ҳалокат расидаанд, хабар дод Вазорати умури хориҷии ФР.
Қаблан РИА "Новости" аз осеби дипломат ва корманди бахши амниятии сафорати ФР дар Кобул хабар дода, афзуд инфиҷор замоне рух додаст, ки дипломат пеши хоҳишмандони гирифтани раводид баромад.
"Аз 15 то 20 нафар бар асари таркиш ба ҳалокат расиданд", - афзудаст мусоҳиби хабаргузорӣ.
Sputnik Афғонистон бо такя ба манобеи худ аз ҳалокати котиби дуюми сафорат - Шоҳ Маҳмуд ва масъули амният хабар дод.
Дар зимн Холид Задрон, котиби матбуотии пулиси Кобул, гуфт, ҳамлаи маргталаб пеш аз он рух додааст, ки ӯ ба ҳадафаш расад. Вай мегӯяд, толибҳо ӯро пеш аз расидан ба мақсад нобуд карданд.
Таъкид гардидааст, ки дар назди сафорат асосан донишҷӯёни афғон қарор доштанд, ки барои пешниҳоди ҳуҷҷат ва ё гирифтани раводид омада буданд. Феълан иттилои расмӣ дар бораи қурбониён ироа нашудааст.
Инфиҷор дар масҷиди гузаргоҳи Ҳирот: Ансорӣ кушта шуд
Ба навиштаи Ҳомид Ҳайдарӣ, сармуҳаррири собиқи 1TVNews бошад, таркиш дар назди консулгарӣ замоне рух дод, ки як дипломати рус барои хондани рӯйхати онҳое, ки барои дарёфти раводид дар навбат меистанд, берун баромада буд.
Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро тайи беш аз як соли охир толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гуруҳ нима августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд. Дар зимн таркишҳои интиҳорӣ дар нуқоти гуногуни Афғонистон зиёд расонаӣ мешаванд.