ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Сафари расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар ҳоли барномарезӣ қарор дорад.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров баён дошт.
"Аз масъалаҳои асосӣ омодасозӣ ва баргузор намудани сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон мебошад", - изҳор дошт Муҳриддин зимни муаррифии масоили музокироташ бо Лавров.
Тафсилоти дигари омодагиҳо ва аз ҷумла санаи тақрибии баргузории он ироа нашуд.
Маврид ба зикр аст, ки сафари расмии Путин ба Тоҷикистон ва иштирокаш дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дар назар буд. Аммо ба далели ошкор шудани коронавирус дар бадани атрофиёни Путин он лағв гардид.
Мақомоти умури хориҷии Русия дар пайи лағви сафар изҳор доштанд, ки сафари Путин ба Тоҷикистон дар рӯзномаи кор боқӣ мемонад. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко изҳор дошта буд, ки ин боздид ҳамчун сафари комили давлатӣ ба нақша гирифта шуда буд, аммо мутаассифона, амалӣ нашуд.
Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи июни соли равон Путин бо сафари якрӯза аз Тоҷикистон боздид карда буд, ки он на расмӣ, балки корӣ арзёбӣ мешуд.