Лиз Трасс нахуствазири Бритониё шуд

Вазири хориҷаи Бритониё рабари Ҳизби муҳофизакори ин кишвар интихоб шуд, ки ин пирӯзӣ сабаб мешавад, мавсуф ба курсии сарвазирӣ дар ин кишвар бирасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Лиз Трасс, вазири умури хориҷии Бритониё нахуствазири ин кишвар хоҳад шуд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.

“Хонум Лиз Трасс роҳбари ҳизби муҳофизакори Британия интихоб шуда, вазифаи сарвазирро ишғол кард”, - гуфт сардори кумитаи роҳбарикунандаи Ҳизби ҳоки муҳофизакори Бритониё Грэм Брэди.

Трасс 81,3 ҳазор раъйи аъзоёни ҳизбашро дарёфт кард. Рақиби ӯ, собиқ вазири молия Риши Сунак 60,4 ҳазор раъй ба даст овард.
Дар нахустин суханронии худ дар мақоми нав хонум Трасс ваъда дод, ки бо болоравии қимати нерӯи барқ ​​мубориза мебарад ва андозҳоро коҳиш медиҳад.
Киҳо номзадияшонро ба мақоми сарвазири Бритониё пешниҳод карданд?
Ба таври расмӣ сарвазири кунуни Борис Ҷонсон ваколатҳояшро 6 сентябр ба сарвазири нав хоҳад супурд. Худи ҳамон рӯз маликаи Бритониё ҳардуро дар қалъаи Шотландия Балморал қабул мекунад ва рӯзи дигар Трасс ба саволҳои вакилони парлумон ҷавоб хоҳад дод.
Ҷонсон, ки соли 2019 Тереза ​​Мейро дар мақоми нахуствазир иваз кард, рӯзи 7 июл эълон кард, ки аз мақоми нахуствазир ва раиси Ҳизби муҳофизакори Бритониё канор меравад.
Барои ишғоли курсии нахуствазир 11 нафар рақобат карданд. Дар овоздиҳӣ ба воситаи почта ҳамаи аъзоёни ҳизб, кариб 200 хазор нафар иштирок карданд. Раъйдиҳӣ 2 сентябри соли равон ба охир расид.