ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тоҷикистонро рӯзи истироҳати гарм интизор буда, ҳарорат то 37-39 дараҷа мерасад, хабар дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, мешавад, хабар дод "Ховар" аз қавли ҳавошиносон. Манбаъ афзуд, дар шарқи вилоят аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои гарми бебориш фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои Хатлон софу бе бориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа, дар доманакӯҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Дар мавриди шаҳри Душанбе таъкид гардидаст, ки пойтахтро ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 16+18 гарм, рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад, таъкид намуданд ҳавошиносон.