Тамоми соҳили баҳри Сиёҳ ва Украинаи Шарқӣ бояд дар давоми амалиёти вижа таҳти назорати Русия қарор гиранд.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо Sputnik коршиноси низомӣ, сардабири маҷаллаи "Дифои миллӣ" Игор Коротченко изҳор дошт ва гуфт ин шаҳрҳои русиянд ва руснишинанд, бинобар ин аз миллатгароён бояд тоза шавад.
Ӯ ҷонибдори қатъии амалиёт буда, чунин мешуморад, ки тамоми хоки ин мамлакатро озод кардан лозим аст.
Амалиёти вижа чӣ гуна идома дорад? Чӣ гуна истихбороти Ғарб якҷоя бо хадамоти махсуси Украина харобкориҳое омода кардааст? Чаро Зеленский ҷангиёни худро ба марг тела медиҳад ва муноқишаи дарпешистода бо низомиён барои ӯ чӣ натиҷа хоҳад дод - навори пурраи мусоҳибаро бубинед.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.