Суоли муҳим дар моҳи сентябр: чӣ тавр фарзандро метавон ба мактабҳои русӣ дохил кард?

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба сокинон тавзеҳ додааст, ки чӣ гуна метавонанд фарзанди худро ба мактабҳои навтаъсиси русӣ дар кишвар дохил кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ба интихоби мактаббачагон ба муассисаҳои нави таълимӣ – мактабҳои русии шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода Вазорати маорифи Тоҷикистон машғул аст.
Дар ин бора иттилоъ додааст сафорати Русия дар Тоҷикистон ва мушаххас кард, ки ба ин раванд ҳеҷ иртиботе надорад.
"Кайҳон"-и кӯдакон: мактаби ба номи Гагарин дар Душанбе дарашро боз кард - акс
Изҳороти мазкур пас аз муроҷиатҳои сершумори волидайн ба сафорати Русия дар Душанбе расонаӣ шуд.
“Тибқи мувофиқаи тарафайн масъалаи интихоби мактаббачагон дар салоҳияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мебошад”, - афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, дар робита ба дохилшавӣ ба мактаби русии ба номи Ю. Гагарини шаҳри Душанбе, сафорат қайд кардааст, ки ин масъаларо метавон бевосита бо рохбарият ин мактаб ҳал кард.
Директори муассисаи таълимӣ Владимир Гудков шурӯъ аз рӯзи 16 сентябр ҳар рӯзи ҷумъа бо волидон дар масъалаи дохилшавии кӯдакон мулоқот хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки ҷониби Русия, дар симои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой бо дархости Вазорати маорифи Русия ба интихоби омӯзгорон ва риояи стандартҳои таълимии Русия ҷавобгар мебошад.