Пешгӯии ҳавои аввали тирамоҳ дар Тоҷикистон

Дар ҳоле ки ҳарорати ҳаво дар шарқи ВМКБ аз сифр поин меравад, дар шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон гармии беш аз 30-дараҷаӣ дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон софи бебориш пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод хабаргузории "Ховар" аз қавли Ожонси обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш аст, мегӯянд ҳавошиносон. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Ҳавои софи бебориш вилояти Хатлонро низ фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа, дар доманакӯҳо шабона 12+17 дараҷа, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ каме абрнок хоҳад шуд, аммо боришот дар назар нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Дар мавриди шаҳри Душанбе зикр гардидаст, ки ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 14+16 гарм, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад, мегӯянд ҳавошиносон.