Генерал Евдокимов ба ҳайси сафири Украина дар Душанбе нусхаи эътимодномаашро супурд

Сафири навтаъйини Украина дар Душанбе рутбаи генералӣ дошта, дар гузашта роҳбарии Хадамоти истихбороти хориҷии ин кишварро ба зимма доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Валерий Евдокимов, сафири Украина дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ супурд.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими супоридани нусхаи эътимоднома дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

"Зимни маросим табодули афкор перомуни масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Украина ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода шуд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки Имомӣ ба Евдокимов дар фаъолияташ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Украина муваффақият орзу намуд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябр кишвардори Украина Владимир Зеленский сафири ин кишвар дар Тоҷикистон, Василий Серватюкро баъди 2,5 соли кораш дар ин мақом барканор кард.
Чаро Украина ба Тоҷикистон таҳдид мекунад? Посухи Краснов
Тобистони соли равон ба ин вазифа Валерий Евдокимови 52-соларо таъйин намуд.
Сафири нав, изомии собиқ аст, аз моҳи сентябри соли 2019 то июни соли 2020 дар вазифаи Хадамоти истихбороти хориҷии Украина низ кор кардааст. Ӯ рутбаи генерал-майор дорад.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Украина 24 апрели соли 1992 барқарор шудааст.