Ширкати Путин дар маросими видоъ бо Горбачёв - видео

Раҳбари Русия ба Беморхонаи марказии клиникӣ омад ва яке аз аввалинҳо шуда, ба пояи тобути аввалин ва охирин президенти ИҶШС гул гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар Бемористони марказии клиникӣ бо Михаил Горбачёв видоъ кард.
Сарвари давлат яке аз аввалинҳо шуда, ба назди тобути собиқ президенти ИЧШС як даста гули садбарги сурх гузошт.
Нахустин навор аз ширкати раисҷумҳур дар маросими видоъ пеш аз парвозаш ба Калининград аллакай дар интернет пайдо шудааст.
Ба ин далел Путин наметавонад дар маросими гусели умумӣ ширкат кунад. Он рӯзи 3 сентябр баргузор мешавад, аммо ҷадвали президент имкон намедиҳад, ки дар он ширкат кунад.
Маълум аст, ки маросими дафни Горбачёв характери давлатӣ надошта, дар қабристони Новодевичии Маскав барпо мегардад.
Ӯ дар қабри оилавӣ дар паҳлӯи ҳамсараш Раиса Горбачёва ба хок супурда мешавад.