ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара барои табрики Рӯзи дониш ба хонаводаҳое рафтааст, ки дар онҳо маълулон ба андӯхтани дониш машғуланд.
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумтаи Исфара, бо ироаи ин хабар гуфт, ки зимни боздид раиси шаҳр ба ҳар кадоми онҳо китобу дафтару қалам ва либоси мактабӣ тақдим намуда ба масъулони соҳаи маориф дастур додааст, ки барои донишандӯзии ин қишри ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд.
“Дар шаҳри Исфара 78 нафар маълулони сини мактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки омӯзгорон дар шароити хона ба онҳо илм меомӯзонанд” гуфт, Шомадов.
Бино ба иттилоъи манбаъ субҳи имрӯз ҳар кадоми онҳо аз ҷониби шаҳрдор ва муовинону масъулони соҳаи маорифи Исфара аёдат карда шуданд.
Масъулони Идораи маорифи Суғд гуфтанд, ки чи теъдод аз шумори атфоли имконияташон маҳдуд ба таълими хонагӣ фаро гирифта шудаанд.
Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Идораи маорифи вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар соли таҳсили қаблӣ 805 хонанда дар шаҳру навоҳии вилоят дар шароити хона ба таълим фаро гирифта шудаанд.
“Аз ин шумора 512 нафар маълулонанд, 293 тани дигар бо сабаби осеб дасту пой ва ё захмбардорӣ, ки имкони мактабравӣ надоштанд дар хонаҳояшон бо иштироки омӯзгорон ба таълим фаро гирифта шуданд” - афзуд, Раҳматов.
Бар пояи иттилоъи Идораи маорифи Суғд дар ҳудуди вилоят чанд мактаб – интернат фаъол аст, ки дар онҳо кам ё беш аз 1500 хонандаҳои имконияти биноӣ ва шунвоиву забониашон суст таҳсил мекунанд.