ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, ки қисмати шимол ва ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, маҳдудиятҳои чаҳормоҳа лағв шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти бахши IRS дар кишвар.
Бино ба иттилоъи ширкати нигоҳдории роҳҳои “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ҳаракати мошинҳои вазнин дар ин ҷодда рӯзона аз соати 10:00 то 20:00 мамнӯъ буд.
Маҳдудияти мавсимии ҳаракат аз 1 майи соли 2022 ҷорӣ шуда, ба хотири ҳифзи роҳ аз вайроншавӣ дар давраи гарм ҷорӣ буд.
Ба гуфтаи IRS, ин барои таъмини амнияти мусофирон ва ронандагони нақлиёт низ зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки самти асосии фаъолияти филиали ширкати "Innovative Road Solutions" таҳия, татбиқ ва идоракунии системаи хизматрасонии толлингии шоҳроҳи Душанбе-Чанак мебошад.
Ин ширкат аз моҳи апрели соли 2010 дар кишвар фаъолият мекунад ва инфрасохтори роҳро барои як бахши бузург идора мекунад.
Айни замон дар сари роҳ плазаҳо – Варзоб, Ҳушори, Шаҳристон, Истаравшан, Деҳмой ва Чорух мавҷуданд.