Ҳаҷми тавлидот дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон маълум шуд

Сарфи назар аз фаъолият накардани як қатор корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озодии иқтисодии ҷумҳурӣ тавлиди маҳсулот аз ҳадди 200 млн сомонӣ гузаштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон тайи 7 моҳи аввали соли равон ба маблағи 243 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Бар асоси омори расмӣ, тайи моҳҳои январ - июли соли равон, аз 5 минтақаи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, танҳо дар 2 адади он истеҳсолот ҷой доштааст.
Дар феҳрасти минтақаҳои фаъоли иқтисодӣ МОИ "Суғд" ва "Данғара" зикр шудаанд.
Таъкид гардидаст, ки дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғар" 11 субъект ба қайд гирифта шуда, ба маблағи 34,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Минтақаи аз ҳама фаъоли иқтисодӣ "Суғд" боқӣ мемонад, ки 30 субъект дар он ба қайд гирифта шудааст. Аз ин феълан танҳо 13 адад фаъолият доранд.
Супориши Аҳмадзода ба роҳбарияти ширкати чинӣ: Истеҳсоли тилоро зиёд намоед
Корхонаҳои мазкур дар шимоли ҷумҳурӣ тайи 7 моҳи аввали соли равон ба маблағи беш аз 208 млн сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд, ки баландтарин нишондод миёни минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар маҷмуъ дар МОИ-и Тоҷикистон ҳудуди 60 корхона ба қайд гирифта шудаанд, ки на ҳамашаашон фаъолият доранд.
Феълан дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ – "Ишкошим", "Суғд", "Данғара", "Панҷ" ва "Кӯлоб" ба қайд гирифта шудаанд.
Бар асоси омори расмӣ минтақаҳои озоди иқтисодии "Суғд" ва "Данғара" аз рӯи ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳо пешсаф буда, фаъолияти минтақаҳои дигар беҳбудӣ мехоҳад.