ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон 5 мактаби русиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ мекунанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Русия.
"Тавассути видеоконфронс Путин ва Раҳмон дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби миёна бо таълими забони русӣ дар Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард", — иттилоъ додааст манбаъ.
Қаблан Илҳом Камолзода, раиси бахши ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз анҷоми сохтмони панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода, хабар дода буд.
Дар ҳар як муассисаи таълимӣ беш аз 1200 нафар кӯдак имкони таҳсил дорад. Онҳо пас аз санҷиши махсус интихоб карда мешаванд. Талабаҳо аз рӯи барномаи таълимии Русия таҳсил хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Камолзода, аллакай мудирони мактабҳо таъйин, 356 омӯзгори фаннӣ ба кор ҷалб ва 25 дарсади омӯзгорон аз Русия ба кор оварда шудаанд.
Ба ҳар як муассисаи таълимӣ номи қаҳрамонон ва ходимони фарҳанги Русия дода шуд. Ҳамин тариқ, мактаб дар Душанбе ба номи нахустин кайҳоннаварди Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин ва мактаби Бохтар ба номи Михаил Ломоносов гузошта шуд.
Як муассисаи таълимӣ дар Турсунзода ба шарафи Дмитрий Менделеев, дар Кӯлоб ба ифтихори Константин Ушинский номгузорӣ шуд. Ба мактаби шаҳри Хуҷанд номи Антон Чехов дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ 150 миллион доллар ҷудо кардааст.