Дар оғози соли таҳсил дар Суғд 128 омӯзгор ҷойи кор ёфтанд: 9 ҳазор корҷӯ дар қайданд

Ин теъдод муаллимон то ин замон дар қатори дигар шаҳрвандони касбу кори гуногун дар феҳристи корҷӯёни идораҳои меҳнат ва шуғл қарор доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Идораи шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд қабл аз шуруи соли нави таҳсил ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар соҳаи маорифро баргузор намуд.
Бино ба иттилоъи Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Идораи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд, дар ҷараёни баргузории ярмарка беш аз 220 нафар имкони кори доимӣ дар соҳаи маорифро пайдо кардаанд.
“Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 21 нафар, Ҷаббор Расулов 33 нафар, Исфара 20, Мастчоҳ 20, Деваштич 18, Шаҳристон 15 ва дар шаҳри Бӯстон 1 омӯзгор роҳхат дарёфт намуда дар мактабҳо бо кори доимӣ таъмин гардиданд” – гуфт, Нодирӣ.
Чанде қабл масъулини Идораи маорифи Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки барои соли хониши 2022 – 2023 макотиби шаҳру навоҳии вилоят ба 796 кадрҳои омӯзгорӣ эҳтиёҷ доранд.
Тағйирот кадрӣ дар бахшҳои маориф ва энергетика
Сардори Идораи шуғл дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шумори сабти корҷуён ва омори ба кортаъминшавии сокинонро шарҳ дод. Ӯ гуфт, давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ беш аз 28 ҳазор ба ниҳоди онҳо муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод 19, 7 ҳазор ҳамчун нафарони корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд.
Шермуҳаммад Нодирӣ афзуд, аз оғози соли ҷорӣ то ин вақт аз ҷониби идораҳои шуғл дар шаҳру навоҳии Суғд наздики 200 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуда ва дар ин давра 13, 9 ҳазор бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Масъулини Идораи меҳнат ва шуғл мегуянд, айни ҳол дар ҳудуди вилоят наздики 9 ҳазор сокинони корҷӯ дар қайди онҳо қарор дорад. Наздики панҷоҳ дарсади ин шумора мардон будаанд.