ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳои асосии таъминкунандаи пахта ба Русия ворид шуд. Дар ин бора РИА "Новости" менависад.
Ҳамин тавр, қариб 6 фоизи пахта аз ҷумҳурӣ ба Федератсияи Русия меравад. Дар ҷои дуввум Чин қарор дорад, ки 15%-и ин маҳсулотро ба Русия содир мекунад.
Дад ҷойи аввал Ӯзбекистон меистад, ки 50% тиллои сафедашро ба Русия мефурӯшад.
Хитой, Бангладеш, Ӯзбекистон, Туркия ва Беларус пештои содиркунандагони масолеҳи нассоҷӣ ҳастанд (ҳар кадом тахминан 6%).
Ба гуфтаи Анна Лебсак-Клейманс, директори ширкати Fashion Consulting Group, мушкилоти пахта, ки дар натиҷаи обхезӣ дар Покистон ба вуҷуд омадааст, бинобар боло рафтани нархи маҳсулоти тайёр ба тамоми ҷаҳон таъсир хоҳад кард.
Бо вуҷуди ин, Русия метавонад аз "зарбаи мустақим" канорагирӣ кунад.
Қариб 3% пахта ва 1,4% махсулоти тайёр аз Покистон ба Русия меояд, гуфт коршинос.
"Ин таъсири мустақим нахоҳад дошт, аммо таъсири ғайримустақим хоҳад дошт, зеро Покистон ба он кишварҳое, ки аллакай ба Русия маҳсулоти тайёр медиҳанд, пахта мефиристад", - Шарҳ дод Лебсак-Клейманс.
Ёдовар мешавем, ки боришоти муссонӣ ва обхезӣ дар Покистон аз нимаи моҳи июн идома дорад. Зиёда аз 1 ҳазор нафар қурбони офатҳои табиӣ гардида, 1,5 ҳазор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Илова бар ин, дар кишвар ҳудуди 3,5 ҳазор километр роҳ ва 157 пул осеб дида, қариб 950 ҳазор хона пурра ё қисман хароб ва 800 ҳазор сар чорво кушта шуд.
Хукуматдорони Покистон дар мамлакат вазъияти фавқулода эълон карда, аз дигар давлатҳо даъват карданд, ки ба ин кишвар ёрӣ расонанд.