Соҳибовҳо роҳи як маҳалларо дар Бохтар таъмир мекунанд

Соҳибкори тоҷик роҳҳои маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтарро аз ҳисоби шахсии худ таъмиру мумфарш мекунад. Мақомот кори ин тоҷирро савоб донистаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар бо ибтикори хонаводаи соҳибкорон Соҳибовҳо кӯчаҳои ба номи Шарифамоҳи Кишвардухт, Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, И. Куганов ва Исмоили Сомонӣ мумфарш мегарданд, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, барои навсозии роҳҳои маҳаллаи Хатлон қариб 50 адад техника ва беш аз 80 нафар мутахассисону кормандон ҷалб гардидаанд.
Инчунин дар ин маҳалла ба дарозии қариб ду километр қубурҳои обгузар бозсозӣ ва қубурҳои пасоб насб карда мешаванд.
Соҳибкори ташаббускор инчунин чароғонкунии кӯчаҳои маҳалларо низ ба масофаи ду километр ба нақша гирифтааст.
Мақомоти Хатлон аз афзоиши шумори нафақагирон хабар дод
Қайд карда шудааст, ки зимни оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо сокинони маҳалла аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи оилаи Соҳибовҳо дар солҳои охир ёдовар гардида, роҳсозиву ободониро кори савоб ва бар нафъи мардум арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 8200 иншооти таъйиноти гуногун сохта шуданд, ки беш аз 70 фоизи ин корҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ анҷом ёфтаанд.