ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раисҷумҳури кишвар таъкид шудааст, ки иҷрои дурнамои маҷмуии нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021 ва нимсолаи аввали соли 2022 дар сатҳи 99,8 фоиз таъмин шудааст.
“Давоми солҳои 2020-2021 ва нимсолаи якуми соли соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 353 ҳазору 402 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд”, - таъкид кард раисҷумҳур.
Вай афзуд, ки дар доираи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ 179 ҳазору 240 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардид.
“Ба 32 ҳазору 358 шаҳрванд ба муддати 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт карда шуд”,- зикр крд Эмомалӣ Раҳмон.
Вай илова кард, ки дар солҳои 2020-2021 ва семоҳаи якуми соли 2022 дар Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт 421 ҳазору 726 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 156 ҳазору 623 ҷойи кори доимӣ мебошад.
Дар ин маҷлис Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.
Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 ҳамчун як ҷузъи Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин замина таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
“Барномаи мазкур фарогири маҷмуи тадбирҳоест, ки барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ шароит фароҳам оварда, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар замина мегузорад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Дар ин хусус раисҷумҳури кишвар ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои саривақтӣ ва пурраи нишондиҳанда ва чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022-ро таъмин намоянд.