Ба як марди тоҷик иҷоза надоданд, ки дастаи пулро аз Русия ба Душанбе биёрад: сабаб

Мусофире, ки аз Русия ба Тоҷикистон сафар мекард, тасмим дошт, маблағи ҳангуфтро бо худ барад, аммо дар натиҷа ҷазои маъмурӣ гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар фурудгоҳи Баландинои вилояти Челябинск ҳангоми тафтиши бағоҷи дастии яке аз мусофирони хатсайри Душанбе пули ғайриқонунӣ дарёфт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии гумруки Челябинск.
Дар маҷмӯъ, ин мард кӯшиш кардааст, ки беш аз 600 000 рублро (беш аз 10 000 доллар) ба Тоҷикистон бибарад. Аммо, ин дар ягон ҷо ҳуҷҷатгузорӣ нашудааст.
Молики мағозаҳои “Ҷило” барои қочоқи тило боздошт шуд
Ба гуфтаи сардори нуқтаи дидбонии гумруки фурудгоҳи Челябинск Андрей Висимский, ин аввалин ҳодисаи декларатсия нашудани маблағ нест.
Аз аввали соли 2022 нозирон боз чаҳор чунин қонуншиканиро ошкор кардаанд.
"Аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидаанд", - гуфт манбаъ.
Масъулини гумрук хотирнишон карданд, ки декларатсияи интиқоли пули нақдро дар шакли хаттӣ ё электронӣ пешниҳод кардан мумкин аст.
Қобили зикр аст, ки аз 2 марти соли 2022 содироти арзи хориҷӣ ба муодили беш аз 10 ҳазор доллар дар Русия низ мамнӯъ аст.