Боздошти ҷавоне барои "шантаж"-и маъшуқа: пул надиҳӣ, аксҳоятро ба ҳамкурсонат мефиристам

Ҷавоне бо таҳдиди ифшо ва фиристодани аксҳои маҳрамонаи маъшуқааш ба наздикон ва ҳамкурсонаш аз ӯ ба таври мудовим пул гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудааст.
Ба гузориши РВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, боздоштшуда Қ.М. собиқ донишҷӯ буда, дар давраи таҳсилаш бо як духтари донишҷӯ шинос шуда, муносибати дӯстона пайдо мекунад ва аксу маълумот нисбати вай ба даст меорад.
Ӯ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт муддати тулонӣ аз ҷабрдида барои паҳн накардани аксҳо бо тариқи шабакаи иҷтимои ва онҳоро ба хешу табор ва ҳамкурсонаш нафиристодан бо роҳи таъмаҷӯӣ борҳо пул гирифтааст.
Номбурда зимни бозпурсӣ ба кормандони пулис гуфт: "Аксҳоятро ба ҳамкурсонатон, хешу табор ва интернет мепартоям гуфта, пул гирифтам. Охирин маротиба бояд ба ман 2000 сомонӣ медод".
Марде дар Шаҳринав барои "шантаж"-и ҷавондухтаре беш аз 10 сол ҳукми зиндон гирифт
Гуфта мешавад, ҳар навбат пул гирифта, ваъда медод, ки аксҳоро аз телефон тоза мекунад, аммо ин корро намекард ва тамаъҷӯиро такроран иҷро мекард.
Билохира аз фишору тамаъҷӯйиҳои беохир ҷабрдида ба мақомот шикоят кард, ки дар натиҷа гумонбар дастгир шуд.
ВУД мегӯяд, аз руи ин ҳодиса нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 250 парвандаи ҷинои боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ин ниҳод дар гузашта низ дар баробари мардон занонеро низ боздошт карда буд, ки даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.
Чунин ҳолатҳо асосан пас аз робитаҳои маҳрамона сурат мегирад, ки бо роҳи "шантаж" ҷониби дигар пул кор кардан мехоҳад.