ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Сокинони рустоҳои Суғд дар бораи мушкили маҳдудияти барқрасонӣ дар фасли тобистон хабар медиҳанд. Онҳо мегӯянд, субҳу шом барқи манзили онҳо хомӯш карда мешавад.
Рӯзибой Умаров, яке аз сокинони деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич мегуяд, мушкили ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ дар деҳаи онҳо ду моҳ ба ин тараф идома дорад, вале ҳеҷ касе аз масъулони Идораи тақсимоти барқ сабаби ин ҳолро шарҳ намедиҳад.
“Саҳар аз соати 5 то соати 8 ва шом аз соати 19 то 22 барқи манзилҳои моро хомӯш мекунанд. Ҳоло ҳарорати ҳаво дар деҳотҷойҳо тағйир ёфта назар ба ҳафтаҳои қаблӣ паст шудааст. Дар чунин шароит хомӯш шудани барқ боз ҳам ба мушкили мо меафзояд” – иброз намуд, Сангинов.
Ин мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон мегуяд, бо чанде аз рафиқону пайвандонаш, сокинони деҳоти Қалъаи Дӯст ва Чӯянчии ноҳия тамос гирифтааст ва онҳо ҳам дар бораи мушкили қатъшавии барқи манзилҳояшон изҳор кардаанд.
Дар ҳамин ҳол сокинони дигар навоҳии Суғд ҳам аз ин мушкили мавҷуда мегуянд.
Абдулло як сокини ноҳияи Шаҳристон зикр намуд, ки шому саҳар гоҳу интиқоли барқ қатъ мешавад.
“Дар деҳаи мо як рӯз барқро хомуш мекунанду як рӯз не. Рӯзе, ки барқро хомуш мекунанд то беш аз шаш соат тӯл мекашад” - гуфт, ӯ.
Масъулони Идораи барқ дар Суғд ба таври расмӣ сабаби ин ҳолатро шарҳ намедиҳанд.
Вале як манбаъ аз ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқ дар аксари шаҳру навоҳии Суғд зери назорати ин идора мебошад сабаби қатъкунии барқ дар рустоҳоро ба кори пойгоҳҳои обкашӣ ва баиҷрорасонии нақшаи кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят рабт дод.
“Аксар зеристгоҳҳои барқӣ таъмирталаб буда, ба талаботи зиёди барқрасонӣ тоб оварда наметавонанд. Бинобар ҳамин дар мавсими кишти такрории заминҳо, ки обрасонии онҳо асосан аз ҳисоби чоҳҳои амудӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ мебошад, ба рои рух надодани садама мо чанд соат интиқоли барқ ба аҳолиро бо навбат хомуш мекунем. Ин маҳдудияти барқрасонӣ нест, балки пешгирӣ аз рухдоди садама мебошад” - гуфт, манбаъ аз Идораи барқ.
Дар ҳамин ҳол масъулони Идораи кишоварзии Суғд мегуянд, ки мавсими кишти такрорӣ дар ҳудуди вилоят ба охир расидааст. Ба иттилоъи манбаъ то имрӯз дар майдони беш аз 21 ҳазор га умдатан сабзавот аз қабили турбу шалғам ва помидору боимҷон кишт шудааст.
Бар пояи Идораи кишоварзӣ қарор аст чанд рӯз пас кишти тиромоҳии ғалладонагиҳо шурӯъ шавад. Соли ҷорӣ дар майдони 25 ҳазор га кишти гандум ва ҷави тирамоҳӣ ба нақша гирифта шудааст.