Ярмаркаи маҳсулоти арзон дар пеши театри мазҳакавӣ дар Хуҷанд

Роҳбарияти вилояти Суғд дастур додааст, ки барои таъмини арзонию фаровонӣ дар нуқоти гуногун пайваста ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал баргузор шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Масъулин дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар маркази Суғд ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ғизоиро баргузор кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, макони баргузории ярмарка чун рӯзҳои истироҳати гузашта ин дафъа низ серодам буд.
"Мардум аз гӯшаву канори Хуҷанд ва атрофи он барои харидории маҳсулоти ғизоӣ ба ярмарка омада, маводи зарурии худро харидорӣ карданд", - омадаст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки ҳадафи чунин ярмаркаҳо таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон арзёбӣ мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка боздид намуда, барои назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда ва танзими онҳо, мунтазам ташкил намудани чорабиниҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар дидори охираш бо фаъолони Суғд, аз камбуди ғизо ҳушдор дод. Ӯ гуфт, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он – камобии шадид ва хушксолӣ, норасоии маҳсулоти озуқа қариб дар тамоми кишварҳои олам боиси хатари гуруснагӣ дар бархе аз кишварҳо мегардад.
Ғаллаи Украина куҷо меравад?
Вай афзуд, кам шудани истеҳсоли ғалладона дар мавсими солҳои 2022-2023, манъ ё маҳдуд кардани содироти маҳсулоти озуқа аз кишварҳои истеҳсолкунанда ва мушкилоти дигар, аллакай, боиси ба миён омадани хатари гуруснагӣ дар даҳҳо кишвари сайёра гардидааст.
Раисҷумҳур дигарбора ба захираи дусолаи ғизо даъват намуда, афзуд, ки мақомоти маҳаллӣ масъалаи мазкурро назорат кунанд.