ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Мақомоти Русия масъалаи рост кардани хатти парвоз аз Маскав ба ҷануби ин кишвар ва ҳамин тариқ ихтисори вақти сафарро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора РБК бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Манбаъ иттилоъ дод, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи ниҳоди давлатӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ рӯзи 29 август баргузор мешавад. Интизор меравад, ки масъалаи долони махсуси парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба Сочи ва Туркия баррасӣ гардад.
Маврид ба зикр аст, ки маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз фурудгоҳҳои марказ ва ҷануби Русия дар пайи оғози амалиёти вижа дар Украина роҳандозӣ гардид.
Фурудгоҳи Сочи гарчанде фаъолияташро қатъ накардаст, вақти парвоз аз Маскав ба ин шаҳр аз 2,5 соат то ба 4 соат боло рафта буд. Дар назар аст, баъди ҷудо кардани долони махсус вақти парвоз кам шавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран маҳдудияти парвозҳо ба бархе аз фурудгоҳҳо дар марказу ҷануби Русия то 4 сентябр тамдид гардид.
Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд.
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия аз 24 феврали соли равон амал мекунад.