ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда ва асосан бебориш мешавад, хабар дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Аз ҷумла ҳаво дар Душанбе рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад, хабар додаст "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ. Пойтахтро ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад, омадаст дар матлаб.
Манбаъ афзуд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешбинӣ гардидаст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад,.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа, дар доманакӯҳо шабона 11+16 дараҷа, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад, афзуд манбаъ.