Мақомоти Хатлон аз афзоиши шумори нафақагирон хабар дод

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон Тоҷикистон хабар додааст, ки дар вилоят шумори фавти нафақахӯрон коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар 7 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон беш аз 3 ҳазору 800 нафақагир вафот кардааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 333 нафар кам мебошад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин давра шумори нафақахӯрон ба 7 ҳазору 184 зиёд шудааст.
“Ба ҳолати якуми августи соли ҷорӣ дар вилоят 3 ҳазору 802 нафар нафақахурон вафот карданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 333 нафар кам аст”,- таъкид кардааст Агентӣ.
Мақомот маблағи пардохти нафақа барои як моҳро эълон карданд
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки аз 3 ҳазору 802 нафақахурони фавтида 1 ҳазору 178 нафарашон нафақагирони камбизоат мебошанд, ки ба онҳо 1 миллиону 690 ҳазору 65 сомонӣ маблағ дода шудаст.
“Дар умум барои гӯручӯб ва кумакпулӣ ба нафақагирони камбизоати фавтидаи вилоят 3 миллиону 165 ҳазору 515 сомонӣ дода шудааст”, – илова кард Агнетӣ.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар ин давра шумораи умумии нафақагирон дар вилоят 271 ҳазору 184 нафаро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 688 нафар зиёд аст.