Ҳавои гарму бебориш: ҳарорати ҳаво дар пойтахт то 34 дараҷа мерасад

Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯи карданд, ки ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ тағйирёбанда ва бебориш хоҳад буд ва ҳавои гарм дар аксари манотиқ боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 9 дараҷа, рӯзона то 25 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона то 5 дараҷа, рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 13 то 18 дараҷа гарм, рӯзона аз 31 то 36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 11 дараҷа гарм, рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯй мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 20 дараҷа гарм, рӯзона то 35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона то 16 дараҷа гарм, рӯзона то 31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебеориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 17 дараҷа гарм, рӯзона то 36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 14 дараҷа гарм, рӯзона то 30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то 15 гарм, рӯзона то 34 дараҷа гарм мешавад.